Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Ҷопон қарор дорад, имрӯз, 19-уми декабр, дар шаҳри Токио бо Наруҳито, императори Ҷопон дидор ва муносибатҳои ду кишварро баррасӣ кардааст.
“Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид”, - навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Кейҷи Фуруя, раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстиву ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, Акиҳико Танака, президенти Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Масами Ииҷима, президенти Анҷумани савдои Ҷопон бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол ва Ичиро Такаҳара, мудири иҷроии Созмони амнияти металлуҷӣ ва энерҷии Ҷопон дидору гуфтугӯ кардааст.
Дар ин вохӯриҳо имрӯз масоилӣ ҳамкорӣ дар соҳаҳои энерҷӣ, тандурустӣ, илм, маориф, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, обтаъминкунӣ, бонкдорӣ, ҳуши маснуӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан баррасӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои иштирок дар аввалин Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” сафар кардааст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 19-20 декабр баргузор мешавад. Дар ҷараёни кори нишаст сарони кишварҳо атрофи масоили мусоидат ба рушди мустақил ва устувори минтақа табодули назар намуда, рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи нишаст ҳамчунин форуми тиҷоратӣ баргузор мегардад.
Дар кори нишаст иштироки сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.




S&P дурнамои радабандии соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро беҳтар кард
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мақеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Воридоти мошин зиёд шудааст. Аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон автомобил ворид мешавад?
“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад
Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд
Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 180 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста