ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 18:30 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети Чайковский бо номи “Чормағзшикан” (Шелкунчик) намоиш дода мешавад. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 55 то 88 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи echipta.tj дастрас кард.

– Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунармандони машҳури ҷаҳонии сирк – Флавио ва Бруно Тони барномаи бошукӯҳеро пешкаши тамошобинон мекунанд. Онҳо панҷкарата ғолибони Фестивали байналмилалии сирк дар Монте-Карло мебошанд. Дар барнома ҳунарнамоии акробатҳо, гимнастҳои ҳавоӣ, жонглёрҳои моҳир ва намоиши ҷолиб бо палангҳои омӯзонидашуда дар назар аст.
Арзиши чипта аз 80 то 150 сомонӣ буда, аз хазинаи Сирки давлатӣ ва ё сомонаи ticketon.tj метавон дастрас кард.
Телефон барои маълумоти иловагӣ ва фармоиши чипта: +992 755 77 11 77.

– Имрӯз ҳамчунин дар Театри драма ва мазҳакаи ба номи А. С. Пушкин-и шаҳри Бӯстон (Чкаловск) намоиши интерактивии кӯдаконаи “Бобои барфӣ баргузор мегардад. Ин намоиш дар таҳияи Раъно Раҳматуллоева рӯйи саҳна оварда мешавад. Арзиши чипта 15 сомонӣ аст.
Телефон барои маълумот ва фармоиши чипта: +992 929 20 00 66.

– Имрӯз соати 10:00 дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд барои кӯдакон намоиши солинавии “Золушка” ба забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 10 сомонӣ буда, аз сомонаи театр метавон дастрас кард.
Телефон барои маълумот ва фармоиш: 927 64 53 31.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ДЕКАБР
Соли 1939 –Дар Тоҷикистони Шӯравӣ тибқи Конститутсияи нав аввалин интихоботи Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Ин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистони нав ҳамчун қадами муҳим дар рушди иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 1954 – Ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик гузошта шуд.
Соли 1960 – Нахустин қатораи мусофирбар аз Маскав ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) омад.
Соли 1973 – Вилояти Кӯлоб дубора таъсис ёфт ва то 8 сентябри соли 1988 фаъолият кард, ки баъдан бо вилояти Қурғонтеппа якҷоя шуда, вилояти Хатлонро ташкил доданд. Қаблан 27 октябри соли 1939 таъсис ёфта, 24 августи соли 1955 барҳам дода шуда буд.
Соли 2006 – Ҳукумати Тоҷикистон ба ҶСК “Газпром” барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар майдонҳои нафту гази “Саргазон” ва “Ренгон” иҷозатнома дод.
Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку”-ро ба имзо расонид.

Соли 2012 –Эмомалӣ Раҳмон, Қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”-ро ба имзо расониданд.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расонид.
Соли 2014- Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи ғизо ва фаъолияти ҷисмониро то соли 2024” тасдиқ кард.
Соли 2020 – Бонки Осиёии Рушд барои азнавсозии роҳҳо дар вилояти Хатлон созишномаи гранти бо беш аз 67 миллион доллар тасдиқ кард.
Соли 2021- Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1921 – Зодрӯзи Усмон Мадёров, оҳангсоз.
Соли 1946 – Мавлуди Бобоҷон Атобеков, журналист.
Соли 1947 – Зодрӯзи Юсуфҷон Аҳмадзода, шоир, нависанда, тарҷумон.

Юсуфҷон Аҳмадзода хатмкардаи факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ як муддат дар нашриёти “Ирфон” фаъолият бурд. Дар тӯли фаъолияти корӣ аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми ҷонишини раиси нашриёти “Адиб” расид.
Ӯ ҳамчун шоир ва нависанда ҳам шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш “Тӯҳфаҳо” унвон дошта, соли 1978 чоп шудааст.
Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ бо номи “Ҳафт рӯъё” ва соли 2010 романи “Ишқи духтари кулаҳпӯш”-аш ба нашр расидааст.
Соли 1954 – Мавалуди Нусратулло Юсуфбеков, табиб, ҷарроҳи асаб.
Нусратулло Юсуфбеков яке аз табибони варзидаи кишвар буда, солҳо дар Беморхонаи марказии шаҳри Душанбе ҳамчун духтури ҷарроҳ, сардухтур ва роҳбарии шӯъбаи ҷарроҳии асаб фаъолият намудааст.
Ӯ зодаи шаҳри Панҷакент ва хатмкардаи Донишкадаи тиббии ба номи Ибни Сино аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии “виолончел” (ғижжаки калони чорторӣ) аст, ки ҳамчун иди ғайрирасмии мусиқачиён-виолончелистҳо ва дӯстдорони мусиқӣ таҷлил мешавад. Дар ин сана интихоб шудани ин ҷашн ба рӯзи таваллуди Пабло Казалс, бастакори маъруфи каталонӣ марбут аст.

Казалс яке аз бузургтарин виолончелистҳои асри 20 мебошад, ки саҳми ӯ дар рушди иҷроишҳои виолончелӣ ва фарҳанги ҷаҳонии мусиқӣ бориз аст.
29-уми декабри соли 1993 яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист – Конвенсияи гуногунии биологӣ (Convention on Biological Diversity, CBD) расман мавриди амал қарор гирифт.
Ин конвенсия қаблан, 22 майи соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) қабул шуда буд, вале пас аз тасдиқи шумораи зарурии кишварҳо, маҳз 29-уми декабри соли 1993 қувваи ҳуқуқӣ пайдо кард.
Конвенсияи гуногунии биологӣ яке аз аввалин санадҳои байналмилалӣ мебошад, ки масъалаҳои муҳити зистро бо рушди устувор ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пайванд медиҳад. Имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳон узви ин конвенсия мебошанд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боришот борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-14º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста