ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1926 – Дар шаҳри Душанбе аввалин мағозаи китобфурӯшӣ бо номи “Китоб” кушода шуд.
Соли 1930 – Шӯрои Комиссарони халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи бақайдгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ қарор қабул кард.
Соли 1944 – Дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа (ҳозира минтақаи Бохтари вилояти Хатлон) ноҳияи Вахш таъсис ёфт.
Соли 1952 – Корхонаи механикии Ленинобод (ҳозира Суғд) мавриди истифода қарор гирифт. Корхона ба истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, механизмҳои саноатӣ ва таҷҳизоти гуногуни механикӣ машғул буд.
Соли 1993 – Байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.
Соли 2001 – Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо вирӯси норасоии масунияти одавм (ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) таъсис дода шуд.
Соли 2016 – Баъди таъмир ва навсозӣ маҷмааи истироҳативу сайёҳӣ ва лижаронии “Сафед-Дара” расман ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини вақти сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд санади байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро имзо кард. Аз ҷониби Ӯзбекистон санадро муовини сарвазир Элёр Ғаниев имзо намуд.
Соли 2022 – Парлумони Тоҷикистон фиристодани 200 хизматчии ҳарбиро ба Қазоқистон дар доираи рисолати сулҳпарварии СААД тасдиқ кард.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон фармон имзо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1924 – Зодрӯзи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ соли 1940 ба ҷодаи адабиёт ворид гардид ва дар жанрҳои шеър, достон ва драма асарҳо офаридааст.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бо оғози ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Олмон ба майдони ҷанг рафт ва соли 1944 бо ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш Конибодом баргашт ва минбаъд ба кори адабиву илмӣ рӯ овард. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон буда, дар ин баробар драма ва асарҳои насрӣ низ эҷод кардааст.
Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, дар навиштаҳояш тараннуми ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббат эҳсос мешаванд.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Гули баҳор”, “Шукуфаҳои аз хун дамида”, достонҳои “Гуфтугӯ бо меҳмон”, “Шаби пеш аз марг”, драмаҳои “Қаҳрамони ҷавон”, “Таркиш” ва асарҳои мансури “Гардиши айём” ва “Конибодом” аст.
Асарҳои мансураш дар китобҳои “Гардиши айём”, “Умри ғанимат” ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, як қатор драмаҳояш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ 18 январи соли 2007 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1943 – Мавлуди Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000).

Ҳақназар Ғоиб, шоир ва тарҷумони тоҷик буда, беш аз 50 сол инҷониб дар саҳнаи адабиёти тоҷик аст ва наздик ба 30 маҷмуа нашр кардааст. Ӯ дар баробари кори эҷод, рӯзноманигор ҳам ҳаст ва муддатҳо дар расонаҳои вилояти Хатлон ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаҳои вилоятиву шаҳрӣ фаъолият мекунад.
Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, як сол омӯзгорӣ ҳам кардааст.
Ҳақназар Ғоиб солҳои 1974-1981 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб, то соли 1989 котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва солҳои 1990-1993 аввал сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва сипас “Навиди Кӯлоб” будааст. Аз соли 2002 бахши вилояти Хатлони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад.
Ӯ хеле барвақт ба шеъргӯӣ оғоз кард ва чакидаҳои аввалини эҷодаш дар маҷаллаву рӯзномаҳо рӯйи чоп меомаданд. Номбурда муаллифи достонҳои “Эҳёнома”, “Ҳасрати Фирдавсӣ”, “Ҳасрати Эйнштейн”, “Ашки Офтоб”, “Сурӯши Хатлон” аст, ки дар эҷодиёти ӯ мақоми хоса доранд.
Баъдан маҷмӯаҳои ашъораш “Тӯшаи роҳ”, “Рамзи ҳаёт”, “Нафас то бар нафас овози вақт аст”, “Қиссаи аспи хатлӣ”, “Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам” ва дигар маҷмӯаҳо нашр шуданд.
Соли 1950 – Зодрӯзи Муқаддас Набиева, сарояндаи маъруфи тоҷик, яке аз ситораҳои ансамбли “Гулшан”

Муқаддас Набиева зодаи ноҳияи Фархор буда, нахуст ба варзиш машғул ва дар ин ришта таҳсил кардааст. Аммо баъдтар ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор ҳамроҳ шуда, вориди ҷодаи санъат гардид. Соли 1973 дар озмуни “Бӯстон” суруди “Республикаи ман”-ро иҷро кард.
Муқаддас Набиева дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл навгонӣ ворид кард ва дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод.
“Кӯи ту”, “Хуршеди ҳаёт”, “Нури ман”, “Шарораи хотираҳо”, “Боди сабо”, “Садои дил”, “Ба ишқат интизорам”, “Дили зорам” “Муҳаббат нест бе оташ” аз таронаҳои маҳбуби ӯ буда, дар ин қатор наздик ба 50 таронаи ӯ дар хазинаи санъати тоҷик ҳифз мешаванд.
Муқаддас Набиева 30-юми сентябри соли 1979 дар синни 29-солагӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳангоми сафар дар мавзеи Такфони ноҳияи Айнӣ аз олам даргузашт. Дар бораи роҳи тайкардаи Муқаддас Набиева ӯ дар санъат дар ин маводи мо шинос шавед.
Соли 1960 – Зодрӯзи Маъруф Қобилов, доктори илмҳои физика ва математика.
Соли 1961 – Мавлуди Амирбеки Мӯсо, оҳангсоз, навозанда ва раиси пешини Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
Соли 1965 – Зодрӯзи Шариф Муллоев, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.
Соли 1966 – Мавлуди Шарифмурод Исрофилниё, олим, адабиётшиноси тоҷик.

Шарифмурод Исрофилниё яке аз муҳаққиқони варзидаи адабиёт аст, ки бисёр таҳқиқоти илмиву адабӣ анҷом додааст. Ӯ муаллифи дастикам 7 китоб ва 500 мақолаҳои илмӣ-адабӣ аст.
Солҳо дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот фаъолият бурдааст.
Соли 1993 – Зодрӯзи Комроншоҳ Устопирён, варзишгари шинохта, ҷудокори номии тоҷик.

Ӯ яке аз варзишгарони номии кишвар буда, ба кишвар чандин ҷоизаҳои баланди ҷаҳонӣ дар соҳаи варзиш овардааст. Ӯ куштигир, ҷудокор ва варзишгари самбо аст.
Комроншоҳи Устопириён, ки то соли 2012 дар варзиши самбо куштӣ мегирифт, пас аз он ба варзиши ҷудо рӯй овард. Ӯ аз даҳҳо мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст. Аз ҷумла ин варзишгар аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони ҷудои мардони Осиё аз Тоҷикистон аст.
Вай ҳамчунин барандаи медалҳои чандинн мусобиқаҳои “Гран-при” ва “Гранд слам” аст.
Ӯ се маротиба дар бозиҳои олимпӣ аз намуди ҷудо иштирок кард, аммо натавонист медал ба даст орад. Пас аз шикаст дар бозиҳои олимпии Порис дар соли 2024 Комроншоҳ эълон кард, ки корномаи варзишиашро хотима медиҳад.
Соли 2016 – Гурез Зарипов,роҳбари пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар 68-солагӣ даргузашт.

Гурез Зарипов аз моҳи январи соли 1992, замони таъсисёбии хадамоти гумрук дар ин низом фаъолият дошт. Дар мансабҳои сардори Раёсати хадамоти гумруки вилояти Хатлон, мақомҳои роҳбарикунанда дар Кумитаи андоз ва Агенти назорати маводи нашъаовар ифои вазифа кардааст.
Моҳи декабри соли 2006 роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда, охири соли 2013 ӯро дар ин вазифа Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори ҳозираи душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон иваз кард.
Соли 2021 – Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар синни 74 аз олам чашм баст.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо ва театр номи худро мондагор кардааст.
Ӯ хатмкардаи Институти театру кинои Маскав буда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ ва як силсила нақшҳо офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Шикори охирин”, “Хайр кабудии тобистон”, “Тали мамнӯъ”, “Ситораҳо дар шаб”, “Соя” ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев ҷолибанд.
Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили “Парвози хушдоманам”, “Сабзабаноз”, “Қисмат”, “Фиреби хаёл”, “Шифо”, “Чакидаҳо” низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз яке аз ҷашнҳо масеҳӣ ва ҳамзамон иди давлатӣ дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон – Мавлуди Исои Масеҳ таҷлил мегардад. Мавлуди Масеҳ поёни рӯзаи чилрӯзаи Мавлуди Исо маҳсуб меёбад.

Шаби 6 ба 7-уми январ дар калисоҳои православӣ маросимҳои идонаи мавлуд баргузор мешаванд. Пас аз он 12 рӯзи муқаддас оғоз меёбад, ки дар тӯли онҳо ҷашн идома мекунад.
7-уми январи соли 1610 донишманди маъруф Галилео Галилей моҳвораҳои сайёраи Юпитерро кашф кард. Ӯ барои ин мақсад телескопи сохтаи худро бо қувваи 32-карата ба осмон равона намуд.

Галилей на танҳо манзараи рӯи Моҳ, қаторкӯҳҳо ва қуллаҳоро мушоҳида кард, балки чор моҳвораи бузургтарини Юпитерро низ кашф кард, ки имрӯз бо номи “ҳамроҳони галилеӣ” маъруфанд.
7-уми январи соли 1989 Акихито, валиаҳди Ҷопон 125-умин императори ин кишвар эълон гардид. Давраи ҳукмронии ӯ бо номи Ҳэйсэй (Heisei – расидан ба сулҳ дар дохили кишвар ва берун аз он) маъруф аст.

30-юми апрели соли 2019 император Акихито ихтиёран аз тахт даст кашид ва ба истеъфо рафта, тахтро ба писари калониаш – валиаҳд Нарухито супорид. Ӯ нахустин императори Ҷопон дар давоми ду асри охир гардид, ки ба таври ихтиёрӣ аз тахт канор рафтааст.
7-уми январи соли 2015 дар идораи ҳафтаномаи ҳаҷвии "Charlie Hebdo" дар шаҳри Париж амали террористӣ ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ 12 нафар кушта ва 11 кас захмӣ шуданд. Гумонбарони асосии ин ҳамла бародарон Саид ва Шериф Куаши рӯзи 9-уми январ зимни амалиёти махсус аз ҷониби нерӯҳои амниятии Фаронса нобуд карда шуданд.
Масъулияти ин амали террористиро созмони террористии “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” ба уҳда гирифт. Ҳамзамон, намояндагони созмони террористии “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эълон шудааст) низ аз даст доштани худ дар ин ҳодиса изҳорот доданд.

Ин амали террористӣ вокуниш ба нашри карикатура дар бораи Паёмбари Муҳаммад (с) аз ҷониби ҳафтаномаи "Charlie Hebdo" арзёбӣ мешавад.
Ҳамла ба идораи "Charlie Hebdo" оғози силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса дар рӯзҳои 7-9 январи соли 2015 гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 3+8º гарм, шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+11º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ то -1+4º, шабона дар водиҳо -4+1º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард,
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, шабона дар ғарби вилоят 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 48-50º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 9-11º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста