Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё худ муфтии Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки дар кишвар Идораи вақф таъсис дода шавад, то корҳои хайриявии сокинонро ба танзим дароварад.
Муфтӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ҳини суҳбаташ дар мавриди корҳои хайриявӣ гуфт, беҳтар аст дар кишвар Идораи вақф таъсис шавад, зеро дар аксар кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ чунин ниҳоде фаъолият мекунад.
“Пеш аз инқилоби сурх (манзур Инқилоби октябр, соли 1917, - АП) ҳам дар мо идораи вақф вуҷуд дошт. Беҳтар мебуд, имрӯзам ҳам чунин чиз бошад”, - афзуд Абдулқодирзода.
Вай таъкид кард, ки ҳар як мусалмон бояд бидонад, ки кадом кори хайраш чӣ миқдор савоб дорад ва ин савоб давомдор аст ё на. Ҳамин тавр, таъкид кард, ки “мутаассифона, аз гӯшу фаҳми мардуми мо садақаи ҷория дур мондааст”.
Ба гуфтаи муфтӣ, савоби садақаи ҷория то замоне ки ҳамон садақа мавриди истифода аст, ба хайркунандаи он мерасад. Барои мисол гуфт, ки нафаре агар мактаб ё ятимхонае созад, то вақте дар он хонандагону ятимон таҳсил ё зиндагӣ мекунанд, ба созандаи он савоб мерасад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода тавзеҳ дод, ки ҳамин гуна садақаҳои ҷория вақф маҳсуб мешаванд: “Касе як мактабе месозад - вақф ба хотири Худованди азза ва ҷал, ё масҷиде месозад - вақф ба хотири Худованди азза ва ҷал, ё пиронсолхонае ё ятимхонае - вақф аст. Яъне, ба як шахс марбут нест, ҳамеша он макони ҷамъиятӣ мебошад. Ва савобаш садақаи ҷория мебошад”.

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, беҳтар аст, ки “дар мувофиқа бо ниҳодҳои вобаста, мутасаддӣ, ваколатдор ҳамин Идораи вақф ташкил шавад, то хайрияҳои ҷорияи мардум бештар гардад”.
Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки ин ниҳод бояд дар назди Шӯрои уламо ё Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим таъсис шавад ё ниҳоди нави комилан алоҳида бошад.
Вақф амвол ё молу мулкест, ки шахс онро ба мақсади хайр ба ҷамъият мебахшад. Идораи вақф - ин ниҳоде метавонад бошад, ки амволи вақфро идора, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти онро назорат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳадди аққал ду ниҳоди пайванд ба Ислом фаъолият дорад: яке Шӯрои уламо ва дигарӣ Маркази исломшиносӣ. Агар Шӯрои уламо бештар ба масоили шаръӣ, додани фатвоҳо ва роҳнамоии ибодатгузорон машғул бошад, Маркази исломшиносӣ ҳамчун як ниҳоди таҳлилии назди раисҷумҳур бештар ба омӯзиши илмии равандҳои динӣ ва таъмини амнияти идеологӣ тамаркуз мекунад.




Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон бобати рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Эрон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2026
“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста