Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Иҷрокунандаи вазифаи директор-фармоишгари Хазинаи байнулмилаии асъор Ҷон Липски дар робита ба қазияи роҳбари ХБА Стросс-Кан, ки ба ҷиноёти дорои хусусияти шаҳвонидошта аз ҷониби додситонӣ муттаҳам карда шуда, таҳти гарав озод шудааст, изҳор дошт, ки ХБА сарфи назар аз иваз шудани роҳбар, ба иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои худ ба таври муқаррарӣ идома хоҳад дод.
Ҷаноби Липски гуфтааст, ба иҷрои саривақтӣ, амалӣ, пурсамар ва фаврии вазифаҳои дар назди хазина гузошташуда ҳеҷ шубҳае надорад.
Дар иттилоияи интишоргардида дар сомонаи расмии хазина гуфта мешавад, ки ХБА ба таҳияи барномае машғул аст, ки дар он ба масоили рушди иқтисодӣ, суботи молиявӣ ва низоми байнулмилалии асъор таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар иттилоия зикр мегардад, ки ХБА кӯшишҳои худро ба се самти афзалиятнок – рушди иқтисод дар баробари таҳкими суботи иқтисодӣ ва молиявӣ, тақвияти низоми байнулмилалии асъор ва мутобиқгардонии дастгирии худ ба кишварҳои узви даромадашон паст мутамарказ хоҳад намуд.
Дар ҳамин ҳол, ХБА умедвор аст, ки директор-фармоишгари навро то ахири моҳи июн интихоб хоҳад кард ва айни замон пешниҳодоти кишварҳои узв оид ба номзадҳои роҳбари хазина мавриди баррасӣ қарор доранд.
Зикр мегардад, ки Шӯрои ХБА тартиби таъини роҳбари нави хазинаро, ки баргузории онро «ба таври кушод, шаффоф ва назардошти саҳми номзадҳо» пешбинӣ менамояд, якдилона ҷонибдорӣ кардааст.
Расонаҳои хабарии Русия менависанд, ба курсии роҳбари ХБА раиси Бонки миллии Қазоқистон Григорий Марченко довталабӣ дорад, ки номзадии ӯро кишварҳои узуи ИДМ дастгирӣ карданианд. Номзадҳои худро ҳамчунин Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ва Чин низ пешниҳод кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки собиқ роҳбари ХБА, коршиноси бахши молия ва сиёсатмадор Стросс-Канро рӯзи 14-уми май дар шаҳри Ню-Йорк бар асоси аризаи пешхизмати меҳмонхона ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти зӯровариву шаҳвонӣ боздошт намуданд. Додситонӣ ба Стросс-Кан тибқи шаш банд айбдорӣ пешниҳод намуд, ки панҷтои он ба ҷиноёти хусусияти шаҳвонӣ ва яктоаш ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан мансуб аст. аст. Дар ҳуҷҷатҳо банди асосии айбнома – «амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ» махсус зикр гардидааст, ки тибқи он ҷазои аз панҷ то 25 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти ВАО, дар асноди додгоҳӣ гуфта мешавад, ки Стросс-Кан метавонад ба 74 солу 3 моҳи зиндон маҳкум гардад.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста