Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар шаҳри Маскав доир гардид, Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020 маъқул шуморида шуд.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия,  дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи дуюм (солҳои 2012-2015), лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ то соли 2020 ва лоиҳаи Созишнома дар бораи регламентҳои техникии кишварҳои узв низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа инчунин атрофи масоили марбут ба фаъолияти молиявии созмон, пешниҳоди имтиёзот ба сармоягузорон, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва интиқоли маблағи аъзохаққии ҳиссавии кишварҳо ба бюҷети ягонаи ИДМ дар соли 2011 табодули афкор намуданд.