Душанбе.5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» — | Як ҳайати коршиносони Арабистони Саъудӣ, ки ба Душанбе ташриф меоранд, дар муддати 5 рӯз бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата»-ро омода хоҳанд кард.

Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чанде қабл як гурӯҳ соҳибкорони Арабистони Саъудӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд ва ба маблағи умумии 50 млн. доллари ИМА қарордодҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ба манфиатдории густариши ҳамкориҳои дуҷониба ишора гардид. Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи муштарак бо сармоягузории Арабистони Саъудӣ амал мекунанд. Тоҷикистон аз соҳибкорони Арабистони Саъудӣ даъват ба амал овард, ки ба лоиҳаҳои афзалиятноку ояндадори ҷумҳурӣ, аз ҷумла энергетика, коммуникатсия, истихроҷи канданиҳои фоиданок, бахши кишоварзӣ ва сайёҳӣ маблағгузорӣ намоянд.