Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон КВД «Роҳи оҳанти Тоҷикистон баҳри харидани вагону тепловоз 20 млн. $ маблағ масраф карданист.

Зимни нишасти хабарӣ роҳбари корхона Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки то ахири сол корхона ният дорад, ки ба маблағи 13 млн. $ 10 вагони мусофирбар харад. Ҳамчунин корхона ба маблағи 5 млн. $ тепловоз дастрас карданист.

Ба қавли Ҳукумов, корхона асосан вагонҳои қаблан истифодашударо баъди ах таъмири асосӣ баровардан мехарад. «Харидании вагонҳои нав барои мо гарон меафтад, аз ин рӯ, вагонҳои ҳолаташон хубро пас аз таъмир дастрас намуда, мавриди истифода қарор медиҳем», - иброз дошт роҳбари корхона.

Ҳукумов ҳамчунин гуфт, тайи ду соли ахир корхона ҳудуди 400 вагон дастрас кардааст. Айни замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дорои 1 ҳазору 922 адад вагони боркаш, 424 адад вагони мусофирбар ва 55 адад тепловоз аст», - афзуд номбурда.