Дар шаҳри Исфара нахустин корхонаи муштараки саноатии «Бадр»-и Тоҷикистону Русия оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд, айни замон дар корхона корҳои насбу санҷиши кори таҷҳизоти истеҳсоли хориҷӣ анҷом дода мешаванд. Дар корхонаи мазкур коркард ва бандубасти зардолу ва ҳамчунин омехтаҳои хушк барои тайёр кардани афшураи меваҳо ба роҳ монда мешавад. Дар баробари насби дастгоҳу таҷҳизот, аллакай маҳсулот истеҳсол гардида, ин ҷо ҳудуди 100 нафар бо ҷойи кори таъмин шуданд.

Тамоми маҳсулоти корхона алҳол ба Русия ва минбаъд ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик фиристода хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, айни замон дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – ҶСК «Сирандуд» оид ба истеҳсоли маснӯъоти мустаҳкамкунӣ аз металл фаъолият дорад.

Дар Исфара муддати се сол аст, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Олмон – ҶДММ «Аураи Суғд» фаъолият мекунад, ки муассиси он шаҳрванди Русия аст. Дар ин корхона истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз санг ба роҳ монда шудааст.

Соли 2008 дар заминаи корхонаи давлатии «Заря Востока» дар ҳамдастӣ бо корхонаи истеҳсоли борути Перми Русия корхонаи муштарак оид ба  технологияи таъиноти дугонаи низомӣ таъсис дода шуд.