Сафари даҳрӯзаи гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон, ки баҳри баргузории гузориши ҷараёни иҷрои қарордод бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи «Тавсеъаи механизми қарзӣ» сурат гирифта буд, чанде қабл ба анҷом расид.

Дар бораи натоиҷи сафар роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Тодд Шнайдер дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки дар ҷараёни гуфтушуниду баррасиҳо оид ба маҷмӯи роҳандозии чорабиниҳо ва амал то ахири соли равон ва барои соли 2012 комёбиву пешравиҳо ба даст оварда шуданд.

«Минбаъд ин масоил дар чаҳорчӯби гутушунидҳои ҳамасолаи ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон, ки ахири ҳафтаи равон доир мегарданд, баррасӣ хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.

Т.Шнайдер зикр кард, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоли барқароршавӣ қарор дошта, нимаи аввали соли 2011 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеъӣ ба 6,9% расидааст.

«Афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ба зиёд шудани ҳаҷми савдои дохилӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳо мусоидат намуда, ҳамчунин дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва саноат низ пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд», - иброз дошт намояндаи ХБА.

Номбурда гуфт, «афзоиши сатҳи таваррум, ки дар моҳи май ба нуқтаи баландтарин – 14,8% расида буд, боиси нигаронӣ аст, вале минбаъд он бо суръати мӯътадил рӯ ба пастравӣ ниҳод».

«Ба ақидаи мо, дар сурати боқӣ мондани нархҳои баланд ба маҳсулоти асосии содиротӣ ва рушди иқтисоди шарикони минтақавии Тоҷикистон, сатҳи афзоиши ҳаҷми ММД дар ҷумҳурӣ дар соли 2011 ҳадди ақалл 6%-ро ташкил хоҳад дод», - гуфт Т.Шнайдер.

Намояндаи ХБА идомаи ҷараёни барқароршавии суръати руши иқтисодро таъкид сохта, зикр кард, ки дар ин замина яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ нигоҳдории афзоиши сатҳи таваррум аст.

Дар дурнамои миёнамӯҳлат гурӯҳи ХБА ба мақомоти расмӣ таҳия ва амалисозии барномаҳои кӯмаки мушаххаси иҷтимоӣ барои дастгирии қишри камбизоати аҳолиро тавсия медиҳад.

Т.Шнайдер мӯътадил гардидани нишондиҳандаҳои бахши молиявӣ тайи моҳҳои ахирро таъкид намуда, ҳамзамон аз Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки Нақшаи таъмини мӯътадилӣ ва суботи бахши молиявиро амалӣ созад. Ин нақша ба ҳалли мушкилоти қарзҳои истифоданашудаи бонкҳо ва ҳамчунин такмили меъёрҳо дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорат нигаронида шудааст.

«Минбаъд ин чорабиниҳо ба таҳкими эътимоди мардум ба бонкҳо, фароҳам овардани имконоти иловагӣ барои пешниҳоди қарз ба бахши хусусӣ ва дар ниҳояти кор ба рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард», - афзуд намояндаи ХБА.