Дар робита ба овозаҳои зиёди беасос роҷеъ ба таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон ширкати «Барқи тоҷик» изҳороти раиси ширкат Абдулло Ёров ба мардуми кишварро интишор намуд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон чун соли гузашта, яъне шаҳрҳои бузург ба таври шабонарӯзӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ 10-12 соат дар як шабонарӯз хоҳад буд.

А. Ёров зикр мекунад, ки истифодаи барқ аз тарафи корхонаи «ТАЛКО» ва пойгоҳҳои обкашии Вазорати  мелиоратсия ва хоҷагии об ва дигар корхонаву муассисаҳо ба ҳадди минималӣ кам карда шудааст.

Раиси холдинги энергетикӣ қайд мекунад, ки бо мақсади сарфакорона истифода бурдани оби обанбори Норак ширкат ба зерсохторҳои худ дар вилояту ноҳияҳо дастур додаст, ки шабона дар ҷойҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим мавҷуд нестанд, интиқоли барқро қатъ намоянд ва изҳори умедворӣ намудааст, ки ин чораи зарурӣ аз ҷониби мардум ба хубӣ дарк ва боиси дастгирӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба масъалаи ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар, роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» изҳор кардааст, ки чунин амал ба вазъи обуҳаво, бахусус сард шудани обуҳаво дар болооби рӯдхонаи Вахш вобаста аст.

Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар роҳбари ширкати «Барқи Тоҷик» аз аҳолӣ даъват ба амал овардааст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд.