Чанде қабл дар шаҳри Қарочӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Шӯрои Палатаи федеролии савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Манша Чура доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Покистон муҳокима шуданд.

Сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки ҳанӯз тамоми имкониятҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мазкур истифода нагардидаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба имзо расондани шартномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон ба тақвияти минбаъдаи тиҷорати миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, Муҳаммад Манша Чура изҳор дошт, ки баргузории бизнес-форумҳои соҳибкорони ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Қарочӣ соли гузашта ба густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ саҳм гузоштанд. Ӯ зикр кард, ки ҳоло як гурӯҳ соҳибкорони Тоҷикистон дар вилояти Балуҷистони Покистон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар он ҷо адади муайяни боғҳоро ба иҷора гирифтаанд ва ба парвариши меваҳои гуногун машғул мебошанд, ки ин кор ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Боиси зикр аст, ки ба наздикӣ нашри махсуси маҷаллаи Палатаи федеролии савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшида ба мавзӯи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон ба чоп расид.