Дар қароргоҳи ҳукумати ҶТ ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматиии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Озарбойҷонро дар ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод Шоҳин Мустафоев сарварӣ карда, ҳамраиси он аз ҷониби Тоҷикистон вазири мелиоратсия ва захираҳои обӣ Раҳмат Бобокалонов аст.

Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Озарбойҷон, айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои миёни кишварҳо аз 22 санад иборат аст.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 24,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар ҳаҷми каме бештар аз 2,3 млн. $ маҳсулот фиристода шудааст.