Аз 1-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешаванд.

Арзиши як кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 11 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба тарофаҳои ҳозира ба ҳисоби миёна ба миқдори 20 дарсад бештар аст. Айни замон қимати 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ ба 9 дирам баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, тарофаҳои нав барои истифодаи нерӯи барқ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2012 тасдиқ шудаанд.

Мутобиқи қарори мазкур, бо назардошти андоз аз арзиши изофа тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ ба аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 11; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 1,88 дирам муқаррар карда шудаанд.

Бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали соли 2010 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.