Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба маблағи 2,3 млн. $ созишномаи бурсӣ ба имзо расид.

Созишномае, ки ба он аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷопон роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Ҷиро Иида имзо гузоштанд, ба оғози амалисозии лоиҳа оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ барои деҳқонони камбизоат равона мегардад.

Тавре аз сафорати Ҷопон хабар доданд, воситаҳои мазкур баҳри харидории трактору комбайн ва дигар таҷҳизоти бахши кишоварзӣ масраф мегарданд. Муассисаи давлатии ваколатдори ҳукумати ҶТ дар доираи лоиҳа техникаи кишоварзиро тавассути фурӯш, лизинг ё ба иҷора додан ба фермерони камбизоат дастрас менамояд. Даромад аз фурӯш барои харидории техникаи нави кишоварзии зарурӣ ҷиҳати дастгирии фермерони камбизоат истифода мешавад. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи амалисозии лоиҳа фермерон барои афзоиши истеҳсоли зироат имконоти бештар ба даст меоранд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи аввал оид ба таъмини амнияти ғизоии деҳқонони камбизоат ба ҳукумати Тоҷикистон 190 млн. йени ҷопонӣ ҷудо карда буд.

JICA расонидани кумаки техникӣ ба Тоҷикистонро соли 1991 оғоз намуда, соли 2006 дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ кард. Маблағи умумии кумаки бурсӣ аз ҷониби Ҷопон 140 млн. $ ва ҳаҷми умумии кумаки техникии расонидашуда 41 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

JICA дар Тоҷикистон барномаҳои зеринро амалӣ месозад: барномаи ҳифзи солимии модарукӯдак, барномаи таъминот бо об, барномаи пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди манотиқи деҳот ва саноат, барномаи беҳбуди ҳолати роҳ ва нигоҳубини онҳо ва барномаи рушди имконот.

Дар чаҳорчӯби татбиқи Барномаи рушди имконот барои 5 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар магистратураи Ҷопон имкон дода мешавад. Ҳамасола JICA ҳамчунин ҳудуди 100 нафар кормандони давлатии Тоҷикистонро барои таҷрибаомӯзӣ ба муддати 1 сол ба Ҷопон мефиристад.