Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куба ҷаноби Абелардо Эрнандес Феррер мулоқот кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи рушди иқтисод хабар доданд, дар мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистону Куба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, тандурустӣ, туризм ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки баҳри рушди муносибот дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат аз захираҳои мавҷуда васеъ истифода хоҳанд кард.

Соли гузашта миёни 102 кишвари ҷаҳон, ки Тоҷикистон бо онҳо муомилоти молӣ анҷом дод, Куба ҳузур надошт.