Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола дар таърихи 27-уми июн доир мегардад, бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ маросими расмии ба истифода додани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, баргузории чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ин ҷашн дар шаҳри Истаравшан ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар шаҳри Истаравшан сохтмони врзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбист. Ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.

Номбурда таъкид кард, ки дар ноҳияҳои Айниву Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилоят корҳои омодагӣ барои ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ҷараён доранд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.