Дар гузориши ҳамасолаи иқтисодии Бонки осиёгии рушд (БОР) «Шарҳи рушди Осиё-2012» коршиносони бонк коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз 7,4%-и соли 2011 то 5,5 % дар соли 2012-ро пешгӯйӣ мекунанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ба туфайли сатҳи баланди интиқоли маблағҳои пулӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, соҳаи хизматгузорӣ ва саноат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз 6,5%-и соли 2010 то 7,4% дар соли 2011 афзоиш ёфт.

Коршиносони БОР қайд кардаанд, ки бо назардошти афзиши рекордии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, ки дар соли 2011 ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, бахши хизматгузорӣ омили асосии рушд маҳсуб ёфта, он ба андозаи 13% афзоиш ёфт.

Сарфи назар аз обуҳавои номусоид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 7,9%, аз ҷумла истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ 34% афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон соли гузашта 5,9% зиёд шуд.

Коршиносони БОР рушди ММД дар кишвар дар соли 2013-ро то 6% пешгӯйи карда, онро ба беҳбуди тамоили рушд дар иқтисодӣ ҷаҳонӣ нисбат медиҳанд.

«Барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодӣ дар дурнамои миёнамуҳлат Тоҷикистонро мебояд монеаҳои усулӣ барои сармоягузории хусусӣ, аз ҷумлаи омилҳои боздоранда барои маблағгузории беруниро рафъ созад, - иброз дошт намояндаи доимии БОР Ҷорҷ Токеши. – Бахши хусусӣ то ҳанӯз аз нисф камтари ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва сармоягузориҳои хусусӣ камтар аз 5%-ро ташкил медиҳанд».

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯйии коршиносони БОР, муддати ду соли минбаъда сатҳи таваррум дар кишвар ба ҳудуди 8,5-9% баробар хоҳад буд. Гуфта мешавад, болоравии қимати маҳсулоти ғизойӣ дар бозори ҷаҳонӣ, афзоиши ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ аз Русия ва дигар омилҳо ба болоравии сатҳи таваррум аз 6,5% дар соли 2010-ум ба то 12,5% дар соли 2011-ум оварда расониданд.

«Ҳамчунин хароҷоти зиёди давлатӣ барои сохтмони иншооти зербиноиву ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ низ ба болоравии сатҳи таваррум боис гардиданд», - баён мегардад дар гузориш.

Маълумотнома: Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд соли 1998 пазируфта шуд. Аз он замон БОР дар шакли қарзҳои хурд, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон беш аз 860 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд.