Соли гузашта шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. $ маблағ интиқол додаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2010 ба миқдори тақрибан 800 млн. $ бештар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2011 бо истифода аз низомҳои интиқоли мабалғҳои пулӣ ва почтаи Русия ба Тоҷикистон 3,039 млрд. $ (соли 2010 – 2,2 млрд. $) маблағи пулӣ фиристода шудааст, ки 38%-и афзоишро нишон медиҳад.

Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,276 млрд. $ (афзоиш ба 1,5 баробар нисбат ба соли 2010), ба Қирғизистон – 1,572 млрд. $ (афзоиш ба 43%) ва Туркманистон – 35 млн. $ маблағи пулӣ ирсол гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин рақамҳо маблағҳои нақдии пулие, ки муҳоҷирон тавассути шиносу дӯстон, роҳбаладони қатораҳо ва дигар воситаҳои маъмул ба ватан мефиристанд, ба назар гирифта нашудаанд.

Аз рӯи нишондиҳандаи маблағи миёна ба ҳар як интиқол низ Ӯзбекистон – 523 $ пешсаф аст. Аз Тоҷикистону Қирғизистон дар як маротиба ба ҳисоби миёна 275-280 $ интиқол ёфтааст.

Қаблан дар Бонки миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буданд, ки нисбат ба соли 2010 дар соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ ба кишвар ба андозаи 33,5 дарсад афзудааст, вале маълумоти дақиқ дар ин бора пешниҳод нагардида буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта қариб 50 дарсади ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2011-ро ташкил дода, аз ҳаҷми қисми даромади буҷети давлатии соли 2012 ба андозаи 30 дарсад бештар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Маҷмӯи мҳсулоти дохилии Тоҷикистон беш аз 30 млрд. сомонӣ (зиёда аз 6,3 млрд. $)-ро ташкил дода, соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 10 млрд. 160 млн. сомонӣ (беш аз 2,1 млрд. $) пешбинӣ шудааст.