Сафорати Украина дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар бораи афзудани ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Украина ба андозаи 3,4 баробар дар муқоиса бо соли 2010 хабар дод.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Украина, соли гузашта ҳаҷми умумии тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Украина нисбат ба соли 2010 ба миқдори 3,2% (2,59 млн. доллари ИМА) коҳиш ёфта, 79,58 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулот ва хизматгузориҳои Украина ба Тоҷикистон ба андозаи 15,5% (12,15 млн. $) кам шуда, ба 66,1 млн. $ баробар шудааст.

Ҳаҷми воридоти маҳсулот ва хизматгузориҳои Тоҷикистон ба Украина бошад, 3,7 маротиба зиёд шуда, 13,48 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Соли 2011 ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Украина ба андозаи 6,2% (4,48 млн. $) коҳиш ёфта, муодили 73,35 млн. $ шудааст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти Украина ба Тоҷикистон ба миқдори 19,3% (14,42 млн. $) кам шуда, 60,32 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, аз Украина ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғизойӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмон, гидротурбинаҳо, коғаз, техникаи маишиву кишоварзӣ, таҷҳизоти мошинӣ, маснӯоти электротехникӣ, мебел ва ғайра ворид карда мешаванд. Аз Тоҷикистон ба Украина нахи пахта, маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла сабзавот ва хушкмева содирот карда мешаванд.