Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарори худ меъёри фоизи захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо бо пули миллӣ ду банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ як банди фоизӣ паст карда, мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, санади номбурда бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот қабул карда шудааст. Вобаста ба ин, тамоми ҳисобкуниҳои марбут ба захираҳои ҳатмӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ тибқи қарори мазкур амалӣ карда мешаванд.