Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Луиз Гомез Эчеверри, Ёвари Дабири кулли СММ, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, сурат гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуот вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар оғоз Ш.Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба ҳайати Комиссияи Олии Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар рафти мулоқот баҳри рушди соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, бахши хусусӣ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамчунин дар Душанбе мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ бо Ёвари дабири кулли СММ, роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри доир гардид.