Дар чаҳорчӯби кори Конфронси 37-уми байналмилалии Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар шаҳри Боку вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо роҳбари ин ташкилот Гратсиану да Силва баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Дадабоев хабар дод, зимни сӯҳбат Қ. Қосимов мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи татбиқи ботадриҷи ислоҳоти аграрӣ, ки бо принсипҳои ФАО ҳамоҳанганд, таъкид намуда, изҳор кард, ки Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор барои Рушд ва миёнаравии ФАО ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли се соли охир Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки стратегияи рушди соҳаи кишоварзиро барои даҳсолаҳо муайян мекунад».

Нуқтаи олии ҳамкории Вазорати кишоварзӣ ва ФАО, қайд намуд Қосим Қосимов, ин баргузории Конфронси байналмилалӣ доир ба «Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистон» соли гузашта дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар кори он бевосита Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, сухан гуфт. Дар суханронии худ Сарвари давлат мақсади ниҳоии ислоҳоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ на танҳо аз таъмини амнияти озуқаворӣ, балки афзудани қудрати содиротии мамлакат ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва некӯаҳволии мардум маънидод намуда буд.

Дар рафти сӯҳбат таъкид гардид, ки барои татбиқи ин барномаи дарозмӯҳлат Тоҷикистон ба кӯмаку миёнаравии ФАО байни Ҳукумати Тоҷикистон ва кишварҳои маблағгузор, яъне давлатҳои ҳамкор барои рушд ниёз дорад.

Дар навбати худ Грастсиану да Силва аз мавқеи пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти аграрӣ пазироӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки имрӯз дар олам қариб як миллиард аҳолӣ камбуди озуқаро эҳсос ва аз гуруснагӣ азият мекашад. «Аз ин нуқтаи назар иқдоми Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои дигарро роҳбарияти ФАО дастгирӣ менамояд», - қайд кард Гратсиану ва ваъда дод, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои олии ин ташкилот дар Рим, пойтахти Итолиё баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки масъалаи кушодани намояндагии комилҳуқуқи ФАО дар Тоҷикистон дар қарори Конфронси байналмилалии ФАО қисми 10, банди 29 (ERC/12/REP) ба таври расмӣ ворид ва аз тарафи вакилони конфронс пурра дастгирӣ шуд.