Дар гузориши ҳамасолаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба дурнамои рушди иқтисоди кишварҳо рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2012 пешгӯйӣ мешавад.

«Иқтисоди Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон дар соли 2011 ба пешравӣ ноил гардида, соли равон низ аз ин ҳисоб дастгирӣ хоҳад ёфт», - зикр мегардад дар гузориш.

Бино ба маълумоти гузориш, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тақрибан ба андозаи 20% афзуда, соли равон боз дар ҳаҷми 13% зиёд мешавад.

Тибқи пешгӯйии ХБА, афзоиши иқтисоди Қазоқистон дар соли равон 5,9% ва соли оянда 6%, Қирғизистон мутаносибан 5 ва 5,5%, Тоҷикистон - 6 ва 6%, Туркманистон – 7 ва 6,7% ва Ӯзбекистон – 7 ва 6,5%-ро ташкил хоҳад дод.