Дар Тоҷикистон мавсими имсолаи мубориза бо малах анҷом меёбад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар кишвар 68,3 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 57,2 ҳазор гектар камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва ҳамчунин қувваи корӣ сафарбар шудааст.

«Ба санаи 25-уми май дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд», - гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамлаи малахҳо қарор гирифтааст, ки майдони умумии он зиёда аз 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

«Ҳамчунин паҳншавии малах дар қаламрави вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ низ ба мушоҳида расид», - афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта майдони умумии фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 160 ҳазор гектар баробар буд.