Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия оид ба бекор кардани боҷи содиротии гумрукӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон тирамоҳ идома меёбанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, гуфтушунидҳо дар ин хусус дар сатҳи олӣ доир гардида, то ахири сол ба мувофиқа расидан дар ин масъала аз эҳтимол дур нест.
«Агар Тоҷикистону Русия ба мувофиқа расанд, аз аввали соли 2013 сӯзишвории Русияро мо метавонем бо меъёри пеш аз ҷорӣ шудани боҷи содиротӣ, яъне бо меъёри сифр дастрас намоем», - гуфтанд дар вазорати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, дар куҷо доир гардидани гуфтушунидҳо дар ин бора ҳанӯз мушаххас нест, вале эҳтимол меравад, ки ин гуфтушунидҳо миёни нафарони аввал ё дуюми кишварҳо баргузор шавад. «Агар Тоҷикистонро аз пардохти боҷи содиротии гумрукӣ ба маҳсулоти нафтӣ озод кунанду сӯзишвории Русия бо меъёри боҷи гумрукии баробар ба сифр дастрас гардад, ин омил ба поинравии назарраси нархҳо ба бензин ва дигар навъи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд»,- афзуд манбаъ.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, ҳаҷми боҷи содиротӣ ба нафти Русия аз моҳи сентябри соли равон метавонад 393,8 $ барои 1 тоннаро ташкил диҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи август 57,2 $ зиёдтар аст.
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста