Ширкати Tethys Petroleum, ки ба ҷустуҷӯи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон машғул аст, ахири моҳи август оғози корҳои иловагии сейсмикӣ дар майдонҳои нафтугаздори шаҳри Душанбе ва водии Вахшро ба нақша гирифтааст.

Корҳои мазкур бо мақсади муайян кардани ҷойи пармакунии чоҳи нахустин, ки аввали соли оянда шурӯъ мешавад, сурат мегиранд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, аксари таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои ин корҳо ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд.

«Таҳлили аввал, ки ахири соли 2011 ба итмом расида буд, як қатор минтақаҳои ояндадори ҷолибро ошкор намуд. Корҳои иловагии сейсмикии мазкур маҳз дар ин минтақаҳо сурат гирифта, ба ҷамъоварии маълумоти ниҳоӣ барои барномаи комплексӣ кӯмак мекунанд», - гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Дар иттилои ширкат таъкид мегардад, ки марҳилаи ниҳоии барномаи сейсмикӣ аз ҷамъоварии маълумоти нави сейсмикӣ дар ду минтақа – шаҳри Душанбе ва водии Вахш иборат аст.

«Барнома маҳз барои ин минтақаҳо таҳия гардид, зеро таҳқиқот ошкор сохт, ки онҳо яқинан минтақаҳои ояндадор буда, яке аз майдонҳои пурмаҳсултттарин дар ҳавзаи Амударёро ташкил хоҳанд дод. Аммо дар ин минтақаҳо то ҳанӯз ҳеҷ як чоҳе парма нагардидааст», - омадааст дар иттилои ширкат.