Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия коҳиш ёфта, аз кишварҳои дигари узви ИДМ – Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон афзуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба кишвар 273 ҳазору 126 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳазор тонна камтар аст. Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 307 млн. 312 $ ва арзиши ҳар як тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 125 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта қимати миёнаи маҳсулоти нафтӣ барои 1 тонна 994,7 $-ро ташкил дода, бинобар сабаби дар ҳаҷми зиёдтар ворид шудани маҳсулот, маблағи умумии он ба 331,8 млн. доллари ИМА баробар буд.

Аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвории воридгардида ба Тоҷикистон ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия 50,4% (ҳамин давраи соли гузашта – 83,3%), Туркманистон – 18,1% (соли гузашта – 12,1%), Қазоқистон – 4,1% (соли гузашта – 2,3%), Қирғизистон – 10,1 (соли гузашта 0,5%) ва Ӯзбекистон – 2,6% (соли гузашта – 0,9%)-ро ташкил медиҳад.