Соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекстон 125 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст.

«Тибқи гуфтушуниди пешакӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази Ӯзбекистон бояд 133 млн. метри мукаабро ташкил медод, вале бинобар сабаби корҳои таъмир дар лӯлаи интиқоли газ, ҳаҷми зарурӣ ворид нагардид», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. метри мукааб камтар мебошад.

Дар робита ба воридоти гази табиӣ дар соли оянда дар вазорат изҳор карданд, ки дар ин масъала то ҳанӯз ҳеҷ пешравие ба мушоҳида намерасад ва Тоҷикистон интизори посухи мактуби худ ба ширкати давлатии «Ӯзбекнефтегаз» аст.

Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд.