Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизоти нави муосир харида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон бо кӯмаки мутахассисони Чин насби дастгоҳҳои нав ҷараён дорад.

«Дастгоҳҳои нав ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (риштаи пахтагин ва матои бофандагӣ), паст намудани арзиши аслии маҳсулот ва рақобатпазирӣ дар бозори истеҳсолӣ мусоидат карда, барои содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба кишварҳои Аврупо шароити мусоид фароҳам месозанд», - гуфтанд дар вазорат.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1998 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии ҶТ таъсис дода шудааст.