Бо супориши ҳукумати кишвар, ширкати «Барқи тоҷик» муҳлати таъминоти аҳолӣ бо барқро дар манотиқи ҷумҳурӣ зиёдтар намуд. Шурӯъ аз 25-уми феврал аҳолии манотиқи кишвар дар як шабонарӯз 12 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», акнун ба сокинони тамоми манотиқи кишвар субҳ аз соати 05-00 то 11-00 ва шом аз соати 17 то 23 барқ дода мешавад. Дар ширкат ин иқдомро ба  нисбатан нарм омадани фасли зимистон ва бо реҷаи дуруст истифода бурдани захираи обӣ-энергетикии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 шарҳ медиҳанд.

«Дар моҳҳои декабр ва январ вобаста ба зиёд будани талабот бо нерӯи барқ, сокинони кишвар то 6-7 соат ва шурӯъ аз 11 феврал то 9 соат барқ мегирифтанд. Дар бораи пурра барҳам додани маҳдудият сухан гуфтан ҳанӯз  барвақт аст, зеро он ба обуҳаво ва маҷрои рӯдхонаи Вахш вобаста аст, ки нерӯгоҳҳои асосии барқӣ дар он ҷойгиранд», - таъкид мегардад дар иттилои интишоршудаи ширкат.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» айни замон маҷрои об дар минтақаи обанбори Норак 158 метри мураббаъ дар як сонияро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сатҳи об дар обанбор 4 метр баландтар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ 46 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид мегардад. Солҳои пешин дар ҳамин давра дар кишвар 38 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешуд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи аввали моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд.