Имрӯз зимни машварат дар мавзӯи «Гидроэнергетикаи хурди ҶТ: таҷриба ва рушд» Консепсияи ҷалби сармоя ба гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифии Консепсия сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Нурмаҳмад Холназаров изҳор намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикаи хурд буда, иқтидори умумии нерӯгоҳҳои барқии хурд дар ҷумҳурӣ беш аз 20 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад, аммо сарфи назар аз чунин имконот, мавсими сармо дар кишвар норасоии шадиди нерӯи барқ эҳсос гардида,  дар ниҳояти кор ба рушди иқтисоди миллӣ монеъаи ҷиддӣ эҷод месозад.

«Барои беҳбуди вазъ аз ҷониби ҳукумат оид ба сохтмони 189 адад нерӯгоҳҳои барқии хурди иловагӣ бо иқтидори умумии 103,6 МВт ва тавлиди ҳудуди 650 млн. кВт/саот нерӯи барқ дар як сол қарор қабул гардида, вале мутаассифона, суръати сохтмони нерӯгоҳҳои хурд аз муҳлатҳои пешбинишуда хеле қафо монда, чанде аз онҳо ба мушкилоти истифодабарии марбут ба хизматгузории техникӣ дучор омадаанд», - гуфт вай.

Холназаров таъкид дошт, ки нерӯгоҳҳои хурди ҷудогона тавлиди нерӯи барқро қатъ ё ҳаҷми истеҳсоли онро дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешбинишуда коҳиш додаанд. «Айни замон дар ҷумҳурӣ 306 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мавҷуданд, ки иқтидори пешбинишудаи онҳо ба беш аз 26 ҳазор кВт/соат баробар аст», - афзуд номбурда.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз шумори умумии ин нерӯгоҳҳои хурд айни замон танҳо 202 ададаш (беш аз 19,8 ҳазор кВт/соат) фаъол буда, 103 адади боқимонда (ҳудуди 5,7 ҳазор кВт/соат) кор намекунанд.

Иштирокдорони чорабинӣ таъкид карданд, ки рушди нокофии гидроэнергетикаи хурд дар Тоҷикистон ҳамчунин ба омилҳое чун номукаммалии қонунгузориву меъёрҳои ҳуқуқӣ, душвории дастрас кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, сиёсати нархгузории мавҷуда ва мавҷуд набудани таваҷҷуҳ ба маблағгузорӣ дар бахши энергетикаи хурд аз ҷониби бонкҳои кишвар низ марбут аст.

Дар Консепсияи имрӯз муаррифшуда ҷалби сармояи бахши хусусӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидори аз 1 МВт ва дорои имконоти зарурии истифода ва хизматгузории техникӣ пешниҳод карда шуд.