Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Берлин вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо мудири ширкати GWE "German Water and Energy" (ҷузъи Гурӯҳи ширкатҳои Бауэр Групп АГ –и Олмон) ҷаноби Бернҳардт Райхелт баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои иштироки ширкатҳои олмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ, энергетикӣ ва нақлиётии Тоҷикистон равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Намояндаи ширкати GWE ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи гидроэнергетика ва сохтмони иншооти маишию саноатӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд зоҳир намуда, иброз дошт, ки ширкати мазкур омода аст дар масоили сохтмони иншооти обӣ, таҳвили технологияҳои муосир ва хизматрасонӣ дар соҳаи истеҳсоли нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар ҳамкориҳои судмандро бо Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

GWE "German Water and Energy"- гурӯҳи ширкатҳои байналмилалӣ аст, ки масоили рушд, истеҳсол ва таҳвили технологияҳои муосир ва баландсифат барои истифодаи оқилонаи захираҳои об, тақсимот ва интиқоли об дар маркази таваҷҷӯҳи он қарор доранд. Аз соли 2007 ширкатҳои GWE тобеи гурӯҳи "Bereich Resources der BAUER AG" мебошанд. Масоили муҳити зист, мушкилоти энергетикӣ, об ва ашёи хом авлавиятҳои кори Гурӯҳи Бауэр АГ маҳсуб мешаванд.

Ҳамон рӯз инчунин вохӯрии сафири Тоҷикистон И. Сатторов бо намояндаи кулли ширкати муштараки Олмону Австрия «АНДРИТС ГИДРО» («ANDRITZ HYDRO GmbH») ҷаноби Райнҳард Мюллер-Технау барпо гардид.

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо бо ин ширкат дар соҳаи гидроэнергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба рушди ҳамкориҳо дар масоили сохтмон, тармим, таҷдид ва таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва инчунин ҷалби муштараки саромоягузориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳавасмандии мутақобила зоҳир гардид.

«АНДРИТС ГИДРО» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонии истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизоти муосир барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ мебошад ва ният дорад ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон фаъолона роҳандозӣ намояд. Ин ширкат масъалаи истифодаи обро ҳамчун манбаи энергияи тоза ва аз назари иқтисодӣ самаранок фаъолона пеш мебарад.