Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо – Душанбеву Остона ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Қазоқистон, ин мувофиқа дар ҷараёни гуфтушуниди дуҷониба дар Душанбе ба даст омада, муддати аввал дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо сурат мегиранд.

«Ҳамчунин мувофиқи натоиҷи гуфтушунид, ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон вобаста ба интихоби худ аз ҳама гуна фурудгоҳи байнулмилалии Қазоқистон ба 4 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб парвозҳо анҷом дода метавонанд. Ба ин монанд ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ ба шаҳрҳои Остона, Алмаато, Тараз ва Шимкент парвоз ба иҷро расонида метавонанд», - гуфта мешавад дар иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон.

Қобили зикр аст, ки қаблан миёни Тоҷикистону Қазоқистон танҳо як хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Алмаато амал мекард.