Ҷаласаи Раёсати байналмилалии Ташаббусҳои шаффофияти соҳаҳои истихроҷ чанде қабл дар Осло Тоҷикистонро ба номзадии ин созмон қабул кард.

Бино ба иттилои Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон, иштирокчии ҷаласаи раёсат, муовини вазири молияи Руҳулло Ҳакимов дар ин робита гуфтааст:

"Дар Тоҷикистон беш аз 600 намуди фаъолияти соҳаи кӯҳканӣ аз қабили истихроҷи тилло, рӯҳ, алюминий ва ғайра бурда мешаванд. Шаффофияти захираҳоро таъмин карда, мо метавонем, гӯем, ки идораи захираҳои табиӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва ин имкон медиҳад, то ки сармоягузорон ҷалб карда шаванд. Кишвар мехоҳад, ки даромадашро аз захираҳои табиӣ ошкор кунад».

Ҳамчунин Тимуралӣ Авғонов, сардори идораи сиёсати буҷавии соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт:

"Шаҳрвандони Тоҷикистон ба масоили захираҳои табиӣ, хаҷми минералҳои истихроҷшуда, филизи қиматбаҳо ва ба ивази ин кадом барномаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ширкатҳо амалӣ мешаванд, имконияти санҷидани то кадом андоза аз ин даромадҳо барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт равона мешаванд, таваҷҷӯҳ мекунанд. ТШСИ барои баррасии масоили номбаршуда фазои мусоид фароҳам меорад, то ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ширкатҳо ва ҳукумат проблемаҳои мавҷударо дар шароити баробар муҳокима намоянд".

Кишвари номзад барои мақоми узви созмони Ташаббусҳои шаффофияти соҳаҳои истихроҷро гирифтан бояд пардохтҳоро аз соҳаҳои истихроҷкунанда ошкор кунад ва тӯли 2,5 сол ба ҳамаи талаботи ТШСИ ҷавобгӯ бошад.