Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, бақияи пасандозҳо дар интиҳои январи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз афзуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон додааст, 36,6 фоиз (1 722,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,4 фоиз (2 982,7 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.

Ба иттилои манбаъ, пасандозҳои шахсони воқеӣ назар ба ин санаи соли гузашта 26,7 фоиз афзуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи январи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 15,21 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,54 фоизи солона баробар шуданд.