Субҳи имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати  Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо ноиб – президенти аршади ширкати “Andritz Hydro GmbH” Александр Шваб ва менеҷери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати “Voith Hydro” Штефан Марошек баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва саноат, бахусус дар бахши энергетикӣ, инчунин таҷдид ва азнавсозии НБО-ҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пас аз вохӯриву гуфтушунидҳо ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати “Andritz Hydro GmbH”-ро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ноиб-президенти аршади ширкати “Andritz Hydro GmbH” Александр Шваб ва Ёддошти тафоҳум оид ба таҷдид ва азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистонро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва менеҷери минтақавӣ оид ба фурӯш ва маркетинги ширкати “Voith Hydro” Штефан Марошек ба имзо расониданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ширкатҳои зикргардида дар доираи сафари расмии президенти Австрия ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

 Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои тарафайн судманд хоҳад буд.