Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» дар хусуси пешниҳоди қарз барои хариди таҷҳизот ва насби он дар корхона бо корпоратсияи Beijing Uni-Construction Group Co.-и Чин қарордод ба имзо расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо дастрасии таҷҳизот як оташдони корхона ба таҷҳизоти бо ангишт коркунанда иваз карда мешавад. «Қарордод санаи 28-уми феврал дар Чин ба имзо расида, маблаги умумии он 7 млн. 730 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 150 ҳазор доллари он ҳиссаи «Тоҷиксемент» ва маблағи боқимонда қарзи бидуни фоизи корпоратсия аст», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, минбаъд қарз аз ҳисоби фурӯши маҳсулот пардохта шуда, корҳо дар чаҳорҷӯби қарордод бояд дар фрусатҳои наздик оғоз ва соли равон ба итмом расонида шаванд. Инизорӣ меравад, ки дар марҳилаи аввал аз 6 оташдони корхона як оташдонаш ба истифодаи ангишт гузаронида мешавад, ки иқтидори солонаи он ба 180 ҳазор тонна семент баробар хоҳад буд.

«Агар масъалаи интиқоли гази табиӣ ҳал нагардад, корхона бешак кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки оташдонҳои дигарро низ иваз намояд, вале барои ин сарчашмаи маблағгузорӣ ёфтан зарур аст, зеро барои пурра ба истифодаи ангишт таҷҳизонидани корхона маблағи зиёд  ва камаш 5-6 сол зарур аст», - зикр кард сарчашмаи хабар.