Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо як ҳайати кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳти сарварии вазири молияи ин кишвар Ҳазрат Умар Заҳилвол имконоти густариши ҳамкориҳои шариконаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту мухобирот, энергетика ва як қатор соҳаҳои дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба уновн гардида, ба масъалаи маблағгузории лоиҳаи CASA-1000 ва имзои созишномаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҳайати кишвари ҳамсоя ҳамчунин бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ низ мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, дар соҳаи энергетика ва инчунин масъалаҳои вобаста ба татбиқи Лоиҳаи САSА-1000, лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ХИБ-500 кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва ХИБ-500 кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, хатҳои газгузари байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.