Дар Тоҷикистон аз поин рафтани сатҳи камбизоатии 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 интизорӣ меравад.

Дар мизи мудаввар оид ба натиҷагирӣ аз «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва қадамҳои минбаъда дар самти иҷрои «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷараён дорад, дар ин бора маълумот дода шуд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод дар ин робита гуфт, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тибқи меъёрҳои тасдиқшудаи Бонки ҷаҳонӣ муқаррар карда мешавад ва ба қишри камбизоати аҳолӣ қисмате мансубанд, ки сатҳи даромадашон камтар аз 1 долллару 15 сент дар як шабонарӯз аст.

«Бисёриҳо бар ин назаранд, ки маълумоти оморӣ бозгӯи сатҳи воқеии камбизоатӣ несту он хеле зиёдтар аст, вале мо ба ин розӣ буда наметавонем, зеро ин маълумоти оморӣ бар асоси таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ таҳия шуда, гузашта аз ин, мо даромадҳои ғайрирасмии аҳолиро, ки ба анъанаҳои миллӣ марбутанд, ба инобат намегирем», - иброз дошт вай.

Ба қавли Давлатзод, ояндаи наздик мувофиқи методологияи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон сатҳи синфи миёна муайян карда мешавад. «Сатҳи глобалии синфи миёна дар Тоҷикистон 20% ва сатҳи дохилии синфи миёна дар ҷумҳурӣ наздики 31%-ро ташкил медиҳад», - гуфт муовини вазир.

Дар Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 зикр мегардад, ки ба қишри миёнаи байнулмилалии аҳолӣ оилаҳоеро метавон мансуб донист, ки бо назардошти қобилияти харидорӣ, хароҷоти шабонарӯзиашон ҳудуди аз 5,6 то 11,5 доллари ИМА барои як нафар аъзои оиларо ташкил диҳад.