Имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Вазир зикр кард, ки аз оғози сохтмон барои бунёди нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА маблағ масраф гардидааст, ки 21 млн. долллари ИМА қарз, 10 млн. доллари ИМА маблағи бурсии Эрон ва боз 7,8 млн. доллари ИМА маблағи ҳукумати ҶТ аст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, паймонкори кулли анҷоми бозсозии сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir интихоб шуд, ки қаблан низ дар он фаъолият дошт. «Мо ба анҷоми бозсозии нақб мутахассисони Чинро ҷалб карданӣ будем, вале баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ба ин имкон надоданд», - иброз дошт вазир ва минбаъд ошкор шуд, ки зери мафҳуми «ҷанбаҳои сиёсӣ» ӯ аз ҷониби сарони кишварҳои Тоҷикисилну Эрон мавриди истифода қарор дода шудани нақб дар моҳи июли соли 2006-ро дар назар доштааст.

Ғайр аз ин, зикр кард Ҳакимов, «эрониҳо изҳор намуданд, ки худашон бозсозии нақбро ба итмом мерасонанд ва барои иҷрои корҳои иловагӣ ҷудо кардани воситаҳои бурсӣ ваъда карданд ва аз ин рӯ, мо ба интихоби эрониҳо рӯ овардем». «Мо ягон ширкати чиниро интихоб карданӣ будем, зеро бо ширкатҳои эронӣ кор кардан душвор буда, онҳо дар сухан дигар чиз мегӯянду дар рафтор тамоман ба таври дигар амал мекунанд», - изҳор кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, анҷоми корҳои бозсозии сохтмони нақби «Истиқлол» ахири моҳи сентябри соли равон дар назар буда, то ахири моҳи май тамоми масолеҳу таҷҳизот ва техника ба иншоот интиқол ва моҳи июн бевосита корҳои бозсозӣ шурӯъ мешаванд.

«Дар тамоми давраи иҷрои корҳои сохтмонии бозсозӣ мо комилан манъ шудани ҳаракати нақлиёт тавассути нақбро дархост намуда, равуои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба воситаи роҳи кӯҳна – ағбаи Анзоб сурат мегирад ва мо имкон дорем, ки роҳ тавассути ағбаро дар муддати якчанд рӯз пурра барои ҳаракати нақлиёт омода намоем», - афзуд Н. Ҳакимов.