Имрӯз дар бинои меҳмонхонаи «Гулистон-тур 2» бахшида ба пешрафти озмунҳои ҷумҳуриявии «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «Менеҷерони беҳтарини Тоҷикистон» дар соли 2013 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тавре аз Ассотсиатсияи миллии менеҷерони Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибкорон, бизнес-ассотсиатсияҳо ва воситахои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмун аз оммавӣ гардондани соҳибкории ватанӣ, ташаккул додани симои мусбати соҳибкорон дар мамлакат,  нишон додан тавассути менеҷер-идоракунандагони ботаҷриба ва пешқадам, пропаганда додани комёбиҳои онҳо ва ташаккул додани симои мусбати роҳбар – менеҷерҳо дар Тоҷикитсон мебошад. Озмунҳо дар якчанд марҳала гузаронида мешавад.

Интихоби  довталабон ва ғолибонро Шӯрои коршиносон дар асоси баҳодиҳии пешакии коршиносон ва овоздиҳии аҳли ҷомеа тавассути сомонаҳо «он-лайн муайян мекунад. Шӯрои коршиносон аз ҷумлаи олимону мутахассисон, таҳлилгарон ва рӯзноманигороне, ки доираҳои академӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, воситаҳои ахбори мустақил, ташкилотҳои донорӣ ва лоиҳаҳои байналмилалиро намояндагӣ мекунанд, ташкил шудааст.

Озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикитсон» ба ду ҷоиза (номинация) соҳавӣ ва мавзӯӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин ҷоизаи махсус пешбинӣ карда шудааст. Иштирокчиён ҳуқуқ доранд якбора ба ду ҷоиза - ҳам  соҳавӣ ва ҳам мавзӯӣ  дархост пешниҳод намоянд.