Чанде қабл 2013 мулоқоти сафири Точикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти ин кишвар Владимир Григоревич Салко баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоҳибон аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, рушди муназзами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун зикр карданд.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки дар Беларус мисли Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ таҷрибаи хуб мавҷуд аст ва аз он истифода кардан мумкин аст. Дар ин қарина ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист иброз намуданд.

Тарафҳо аз дастгирии ибтикороти якдигар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, идомаи чунин таҷрибаро зарур донистанд. Аз чумла, Қ.Қоимдодов зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Беларус ҳамёрони доимӣ дар сатҳи байналмилалӣ, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид буда, ташаббусҳои ҳамдигарро рочеъ ба масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор доранд, дастгирӣ мекунанд.

Дар навбати худ ҷониби беларусӣ зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳам Беларус ва ҳам Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ дар ду лоиҳа иштирок мекунанд: доир ба хориҷ кардани моддаҳои харобкунандаи озон аз истифода ва масъалаи нест кардани партовҳо. Ба ғайр аз ин, ҷониби беларусӣ омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти васеи минтақавӣ, ки онро Бунёди ҷаҳонии экологӣ (GEF) бо иштироки Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус ва Россия дар рӯзҳои 30 апрел-2 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор карданист, тасдиқ намуд.

Дипломати тоҷик зикр намуд, ки Тоҷикистон ташаббускорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълом доштани «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», инчунин гузаронидани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» мебошад. Ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намуда, ҷониби Беларус омодагии худро ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, иброз дошт.

Ба масъалаҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Беларус таваҷҷӯҳ намуда, ҷонибҳо аз натиҷаҳои Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки 2-3 апрели соли равон дар Душанбе баргузор шуд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷонибҳо табодули сафарҳои кориро ба таври мунтазам ва ғанигардонии рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро бо ташаббусҳои мушаххас чун амри зарури арзёбӣ намуданд.