Нахустин ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир иборат аз намояндагони 9 ширкатҳои соҳаҳои гуногун имрӯз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба иттилои сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри равнақи ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳайатро директори ширкати Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва Гурӯҳи Маълумот оиди Бизнес дар Осиёи Маркази ва Қафқоз (CATBIG) Найҷел Петерс сарварӣ мекунад.

Намояндагони ҳайати тиҷоратӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, мушовири давлатии президент дар умури иқтисод Фаррух Ҳамраалиев ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов мулоқот хоҳанд кард. Дар назар аст, ҳайат бо як зумра соҳибкорон, вазоратҳо ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор вохӯрӣ анҷом диҳанд ва аз имконотҳои фаъолият дар Тоҷикистон шиносоӣ пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, бо анҷоми сафари ҳайати тиҷоратии бритониёӣ рӯзи 18-уми апрел роҳбари намояндагии Вазорати савдо ва сармоягузории Британияи Кабир дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир беш аз 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 4,4 маротиба зиёдтар аст. Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ҳаҷми умумӣ каме бештар аз 1% (291 ҳазор $)-ро  ташкил медиҳад.