Дар як таҳқиқоте таҳти унвони «Баҳогузорӣ ба самаранокии иқтисодии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд анҷом дода шудааст, афзалиятҳои иқтисодии узвияти Тоҷикистон ба ин созмонҳо зикр мегардад.

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, узвияти Тоҷикистон ба ин ташкилотҳо натиҷаи иқтисодии мусбат ба бор оварда, вале интизор набояд шуд, ки аз узвият дар як они воҳид афзалиятҳо ба даст меоянд ва он барои Тоҷикистон танҳо як равзанаи имкониятҳоро боз мекунад.

Бино ба маълумоти дар таҳқиқот зикргардида, натиҷаҳои имконпазир аз се ҷанбаи асосӣ – ҷалби сармоя, рушди бештари истеҳсолот ва омили муҳоҷирати корӣ ба даст хоҳанд омад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат ба болоравии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 3,5% имкон фароҳам меоваранд.

«Тайи ду даҳсолаи ахир ҳаҷми сармогузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба сатҳи имконпазир камтар буданд ва имконоти сармоягузории кишвар айни замон ҳудуди 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», - омадааст дар таҳқиқот.

Зимнан зикр мегардад, ки узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ воситаи муассири воридшавии сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба бахшҳои гидроэнергетика, саноати сабуку истихроҷӣ кӯҳӣ, бахши бонкиву кишоварзии Тоҷикистон хоҳад гашт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, яке аз нафъҳои асосии Тоҷикистон аз узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ воридшавӣ ба бозори ягонаи меҳнат мебошад, ки созишномаҳои ин ташкилотҳо дар мавриди муҳоҷирати корӣ ба муттаҳид намудани захираҳои кории кишварҳои узв ва таъсису роҳандозии фаъолияти мӯътадили ин бозор мебошад.

«Дар маҷмӯъ узвияти Тоҷикистион ба Иттиҳоди гумрукӣ ба афзоиши муҳоҷирати корӣ ба андозаи 10-15%, афзоиши музди меҳнати муҳоҷирон ба миқдори аз 9 то 28% ва зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба миқдори аз 15 то 25% мусоидат хоҳад намуд», - баён мегардад дар таҳқиқот.