Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба масоили савдо ва сармоягузорӣ дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни сафар Ли Турнер бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияи тоҷирони Тоҷикистон, роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ Зайд Саидов гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин боздиди меҳмони бритониёӣ ва вилояти Суғд ва мулоқоти ӯ бо раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ дар назар аст.

Ба гуфтаи сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит, Турнер бо вазъи иқтисоди Тоҷикистон аз наздик ошно гардиданист, то ки воситаҳои дастгирӣ барои рушди онро мушаххас намояд.

«Ахиран мо дарк намудем, ки ба масоили дастгирии иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намесозем. Сафари мазкур як қисмати тарзи нави стратегияи Британияи Кабир барои дастгирии иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад», - афзуд сафир.