Дар мулоқоти намояндагони вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо мутахассиони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон масъалаҳои лизинги техникаи кишоварзӣ, амалисозии лоиҳаҳо дар ин бахш ва воридоту содироти маҳсулоти кишварзӣ баррасӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҳамчунин имкони содироти дарахтони мевадоре чун лимӯву гелос аз Тоҷикистон ба Чин матраҳ гардида, мутахассисони ҳарду ҷониб оид ба технология, маводи бандубаст ва майдони кишту дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн як қатор пешниҳоду тавсияҳо ироа доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздид аз ноҳияи Рӯдакӣ меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти гармхонаи хоҷагии «Содиқ-Сиддиқ» оид ба парвариши сабзавоти барвақтӣ ва ширкати «Геха-Фуд» оид ба парвариш ва коркарди афшурдаи помидор шинос шуданд.