Ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» аз ҳукумат дастгирии лоиҳаи бунёди корхона дар Тоҷикистон бо зарфияти 100 млн. литрро дархост дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита директори генералии ширкати «Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон» Мустафо Метен хабар дод, барои оғози кори ширкат дар Тоҷикистон имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз заруранд.
«Барои мо далели хароҷотпӯшонии лоиҳа муҳим аст, Тоҷикистон бошад, алҳол дар шумули кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад аст, ки фоизи хатари тиҷорат зиёд буда, ин ба меъёри баланди фоизи қарзҳо дар бонкҳо ифода меёбад. Мо дар Тоҷикистон кор карданием, зеро ин бозорро ояндадор мешуморем», - гуфт ӯ.
Ба қавли директори генералии ширкат, бо роҳандозӣ шудани фаъолияти ширкат, 150 ҷойи кории мустақим (direct) ва беш аз 1,5 ҳазор ҷойи кории ғайримустақим (indirect) фароҳам оварда мешаванд.
«Ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз кардани мо ба имтиёзоти аз ҷониби давлат пешниҳодшуда вобаста буда, барои ҳар як ширкат ба даст овардани даромад муҳим аст. Дар навбати аввали мо дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин ба ҳукумат дар ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоӣ кӯмак мекунем ва ҳузури мо дар бозори Тоҷикистон бешак ба иқтисоди кишвар ва мавриди таваҷҷуҳи бештар будани он мусоидат хоҳад кард», - афзуд номбурда.




Имрӯз дар Ӯзбекистон “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” оғоз мешавад
Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026
Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста