Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои роҳандозии фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Белорус оид ба васлу баистифодадиҳии тракторҳои белорусӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, дар корхонаи муштараки мазкур Тоҷикистонро корхонаи мошинсозии «Тоҷиктекстилмаш» ва ҷониби Белорусро корхонаи «Минский тракторний завод» (Корхонани тракторбарории Минск) намояндагӣ мекунанд.
«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар корхонаи муштарак ба истеҳсоли трактори тамғаи МТЗ 80.1, ки бештар дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад, иҷозатнома дода шавад. Нахуст иқтидори корхона истеҳсоли 250 адад трактор ва соли 2015 то 1,5 ҳазор адад трактор дар як сол расонида мешавад», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, оғози корҳои васли тракторҳо дар корхона ахири ҳамин сол ё аввалҳои соли 2014 шурӯъ мешаванд. «Аз ҷониби Белорус технология ройгон оварда шуда, минбаъд онҳо аз фурӯши маҳсулот ҳиссаи худро хоҳанд гирифт», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола Тоҷикистон ба харидории 800 адад техникаи кишоварзии нав эҳтиёҷ дорад. Бар асари фарсудашавӣ ва ҳамчунин гузаштани муҳлати истифода, айни замон 30-40%-и ин навъи техника корношояманд. Тибқи маълумот оморӣ, феълан дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ 11,7 ҳазор адад трактор ба қайд гирифта шудааст.




Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста