Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи навтарини худ ба содироти семент шурӯъ кард. Соли гузашта 500 тонна сементи истеҳсоли Тоҷикистон ба ширкати афғонии «Шимол-Шарқ» фурӯхта шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1,4 млн. тонна семент истеҳсол шуда, ҳудуди 77% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент»-и Тоҷикистону Чин, 16% - ба корхонаи «Тоҷиксемент» ва ҳаҷми боқимонда ба шаш корхонаи дигар рост меояд.

«Талаботи Тоҷикистон ба ин масолеҳи сохтмон 2 млн. тонна дар як сол арзёбӣ мешавад», - қайд кард вазир.

Ӯ зикр кард, ки давоми соли ҷорӣ ба истифода додани боз се корхонаи истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ дар назар аст.

Вазир таъкид дошт, ки барои ба яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон табдил додани семент ҳамаи шароиту имконот фароҳам аст.